
А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадбавли баргузории вохӯриву мулоқот бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашуров Сунатулло бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Ёсуман»-и деҳаи Ёсумани ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳия бо мақсади роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мактаб даргоҳи маърифат» хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ Ашӯров Сунатулло оид ба роҳҳои якҷоя ҳал кардани мушкилоти дар маҳалла мавҷудбуда, бо сарпарастии шахсони хайрхоҳу ватандӯст, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ барои таъмини лавозимоти мактабии ятимону оилаҳои ниёзманди ҷомеа ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар татбиқи Аксияҳои ҳизбӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.