БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саховатмандӣ аҳамияти бузурги маънавӣ дорад

А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадбавли баргузории вохӯриву мулоқот бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашуров Сунатулло бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Ёсуман»-и деҳаи Ёсумани ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳия бо мақсади роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мактаб даргоҳи маърифат» хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ  Ашӯров Сунатулло оид ба роҳҳои якҷоя ҳал кардани мушкилоти дар маҳалла мавҷудбуда, бо сарпарастии шахсони хайрхоҳу ватандӯст, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  барои таъмини лавозимоти  мактабии ятимону оилаҳои ниёзманди ҷомеа ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки  дар татбиқи Аксияҳои ҳизбӣ  саҳми арзандаи хешро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg