БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон бо рушди фарҳанги миллӣ бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ мубориза мебаранд

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату во­хӯриҳои кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ­ дар ноҳияи ­Вахш оид ба фаъолияти ташк­илотҳои ибтидоии ҳизбӣ ­дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ да­р ташкилоти ибтидоии ҳ­избии "Якатут"-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод чорабинии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Аксияи  тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!"доир карда шуд.

Дар ҷамъомади ма­зкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Камолов Сафаралӣ ва мутахассиси ҳамин шуъба Негматов Азизулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Камолов Сафаралӣ  оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар назди ҷамъомадагон андешаронӣ намуда,  иброз дошт, ки  эҳё ва зинда гардонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ниёгонамон ба мо меърос мондаанд,  онҳоро ба насли ҷавону наврас омӯзонем ва чун  гузаштагони хеш  ба насли оянда ба мерос  гузорем.  Мавсуф дар ин росто  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ-ро  баррасӣ  карда,  иштирокдоронро ба корҳои созандагиву  ободонӣ,  дар амал татбиқ намудани Аксияи  тарғиботии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» даъват намуд.

Масъулин  дар рафти чорабинӣ аз  корҳои  хонагии  занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, рафидадӯзӣ, кашидадӯзӣ ва дигар намуди  ҳунармандӣ машғуланд,  шинос гардида, барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани касбу ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон муваффақият таманно намуданд.

Дар охир сокинон аз хавфу хатарҳои  ҳизбу ташкилотҳои  террористиву экстремистӣ, ки  Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва фазои тинҷу ороми кишварро нодида мегиранд,  хабардор карда, таъкид намуданд, ки дар ғафлат намонанда ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg