ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Якатут"-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод чорабинии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!"доир карда шуд.
Дар ҷамъомади мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Камолов Сафаралӣ ва мутахассиси ҳамин шуъба Негматов Азизулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Камолов Сафаралӣ оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди ҷамъомадагон андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки эҳё ва зинда гардонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ниёгонамон ба мо меърос мондаанд, онҳоро ба насли ҷавону наврас омӯзонем ва чун гузаштагони хеш ба насли оянда ба мерос гузорем. Мавсуф дар ин росто самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро баррасӣ карда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву ободонӣ, дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» даъват намуд.
Масъулин дар рафти чорабинӣ аз корҳои хонагии занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, рафидадӯзӣ, кашидадӯзӣ ва дигар намуди ҳунармандӣ машғуланд, шинос гардида, барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани касбу ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон муваффақият таманно намуданд.
Дар охир сокинон аз хавфу хатарҳои ҳизбу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва фазои тинҷу ороми кишварро нодида мегиранд, хабардор карда, таъкид намуданд, ки дар ғафлат намонанда ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.