
БОХТАР. Вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар кӯчаҳои Лолазор 2/3, Энгелес, Ш.Шоҳтемур 1,3,5 ва Ваҳдати миллӣ 7,9,11,15,17,19, 29 ва маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар ин намоиш молу маҳсулоти мардуми маҳала, аз қабили қуроқ, гулдӯзӣ, кӯзаҳои худсоз, таомҳои миллӣ ва ғайра, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд, ба намоиш гузошта шуданд.
Занони ҳунарманди ин маҳалла, дастони моҳир доранд, аз тинҷиву осоиштагии мамлакат шукрона намуда, ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлатро, ки барои миллати тоҷик хеле саривақтӣ аст, як ҳадяи бузург медонанд.
Тавассути ин иқдом ҳунарҳои миллиамон, ки рӯ ба нестшавӣ оварда буданд, аз нав бо рангу шакл ва ҷиллои тоза зинда гардиданд.