БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши анъанаҳои миллӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

БОХТАР. Вобаста  ба эълон гардидани соли 2018  ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар кӯчаҳои Лолазор 2/3, Энгелес, Ш.Шоҳтемур 1,3,5 ва Ваҳдати миллӣ 7,9,11,15,17,19, 29 ва маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. 

Дар ин намоиш молу маҳсулоти  мардуми маҳала, аз қабили  қуроқ, гулдӯзӣ, кӯзаҳои худсоз, таомҳои миллӣ ва  ғайра, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд, ба намоиш гузошта шуданд.

 Занони ҳунарманди ин маҳалла, дастони моҳир доранд, аз тинҷиву осоиштагии мамлакат шукрона намуда,  ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлатро, ки барои миллати тоҷик хеле саривақтӣ аст, як ҳадяи бузург медонанд.

Тавассути ин иқдом ҳунарҳои миллиамон, ки рӯ ба нестшавӣ оварда буданд, аз нав бо рангу шакл ва ҷиллои тоза зинда гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg