ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Меҳробод-2"-и ҷамоати деҳоти Машъал ҷамъомад доир карданд.
Дар ҷамъомади мазкур ҷиҳати густариши иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати судманд анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ Маҳмадов Одилҷон аз иштирокиёни ҷамъомад даъват ба амал овард, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз ҳидоятҳои неку ояндадори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳалмекунем!” эълон гардидааст ва дар ин росто моро мебояд дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар охир раиси ташкилоти номбурда Хайруллоев Юсуф дар назди иштирокдорон зикр намуд, ки имрӯз аз ҷиҳати норасоии синфхонаҳо дар муассисаи таълимии рақами 31 хонандагони деҳа мушкилӣ мекашанд, бинобар ин мо сокинон тасмим гирифтем, ки 4-синфхонаи иловагии замонавӣ то оғози соли нави хониш бо таври ҳашар сохта, ба истифода медиҳем.
Дар охир пешниҳоди мавсуфро ҷамъомадагон якдилона пазируфта, иброз доштанд, ки мо мардуми бонангу номуси тоҷик баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани як гӯшаи диёрамон-Тоҷикистони азизамон талош хоҳем варзид.