БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ростои аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату во­хӯриҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ­ дар ноҳияи ­Вахш оид ба фаъолияти ташк­илотҳои ибтидоии ҳизбӣ ­дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ да­р ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Меҳробод-2"-и ҷамоати деҳоти Машъал ҷамъома­д доир карданд.

Дар ҷамъомади ма­зкур ҷиҳати густариши иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолия­ти ҳи­зб доир ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати судманд анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ Маҳмадов Од­илҷ­он аз иштирокиёни ҷамъомад даъват ба амал­ ова­рд, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил ­намудани 30-с­олагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз ҳидоятҳои неку ояндадори Ас­­осгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмом­ал­ӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳалмекунем!” эълон гардидааст ва дар ин росто моро мебояд дар корҳои созандагию бунёдко­рӣ ­саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар охир раиси ташкилоти номбурда Хайруллоев Юсуф дар назди иштирокдорон зикр намуд, ки имрӯз аз ҷиҳати норасоии синфхонаҳо дар муассисаи таълимии рақами 31 хонандагони деҳа мушкилӣ мекашанд, бинобар ин мо сокинон тасмим гирифтем, ки  4-синфхонаи иловагии замонавӣ то оғози соли нави хониш бо таври ҳа­шар сохта, ба истифода медиҳем.

Дар охир пешниҳоди мавсуфро ҷамъомадагон якдилона пазируфта, иброз доштанд, ки мо мардуми бонангу номуси тоҷик баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани як гӯшаи диёрамон-Тоҷикистони азизамон талош хоҳем варзид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg