БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон пуштибони давлату миллат ва Пешвои миллатанд!

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ­ дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти ташк­илотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ бо иштироки раи­си Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ­Маҳмадов Одилҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳ­избии «Меҳробод 1»-и ҷамоати деҳоти Машъали ноҳия ҷамъомади ҳизбӣ доир карда шуд. Дар ҷамъомади ма­зкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолия­ти ҳизб дар мавзӯъи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгаро суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, зимни суханронӣ  Маҳмадов Од­илҷон аз иштирокиёни ҷамъомад даъват ба амал ова­рд, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-с­олагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз ҳидоятҳои неку ояндадори Ас­осгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милл­ат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал­ӣ Раҳмон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ­саҳми арзандаи худро гузоранд.Инчунин, дар ин чорабинӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Одинахонов Бердӣ иш­тирок ва баромад намуд.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Шоимов Боймурод қайд намуд, ки мо сокинони деҳа барои ободии Ватани азизамон як бунгоҳи тиббии замонавӣ иборат аз 4 утоқи корӣ ба таври ҳашар сохта ба истифода медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg