ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳробод 1»-и ҷамоати деҳоти Машъали ноҳия ҷамъомади ҳизбӣ доир карда шуд. Дар ҷамъомади мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар мавзӯъи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгаро суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, зимни суханронӣ Маҳмадов Одилҷон аз иштирокиёни ҷамъомад даъват ба амал овард, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз ҳидоятҳои неку ояндадори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.Инчунин, дар ин чорабинӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Одинахонов Бердӣ иштирок ва баромад намуд.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Шоимов Боймурод қайд намуд, ки мо сокинони деҳа барои ободии Ватани азизамон як бунгоҳи тиббии замонавӣ иборат аз 4 утоқи корӣ ба таври ҳашар сохта ба истифода медиҳем.