
КӮШОНИЁН: Бо мақсади муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ ва барқарор намудани муколамаи мустақим бо аҳолӣ, вохӯрии номзад бо интихобкунандагон дар толори маҷлисгоҳи донишкадаи Энергетикии Тоҷикистони баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек доир ба нақшаҳо ва ҳадафҳо ҷиҳати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум суханронӣ карда шуд.
Интихобкунандагон низ фаъолона иштирок намуда, пешниҳодҳо ва масъалаҳои мубрами маҳалли худро баён карданд. Номзад ба саволҳои иштирокчиён посух дода, омодагии худро барои ҳимояи манфиатҳои мардум ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа иброз дошт.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил баргузор гардида, барои таҳкими робитаи номзад бо интихобкунандагон ва шиносоии бештари мардум бо барномаи ӯ мусоидат намуд

















