БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ШУЪБАҲОИ СЕЮМ ВА ЧОРУМИ САВХОЗИ Ф. САИДОВИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БОХТАРИЁН

КӮШОНИЁН:  Бо мақсади муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ ва барқарор намудани муколамаи мустақим бо аҳолӣ, вохӯрии номзад бо интихобкунандагон дар толори маҷлисгоҳи донишкадаи Энергетикии Тоҷикистони баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек доир ба нақшаҳо ва ҳадафҳо ҷиҳати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум суханронӣ карда шуд.

Интихобкунандагон низ фаъолона иштирок намуда, пешниҳодҳо ва масъалаҳои мубрами маҳалли худро баён карданд. Номзад ба саволҳои иштирокчиён посух дода, омодагии худро барои ҳимояи манфиатҳои мардум ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа иброз дошт.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил баргузор гардида, барои таҳкими робитаи номзад бо интихобкунандагон ва шиносоии бештари мардум бо барномаи ӯ мусоидат намуд

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон