БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

БОЗДИД АЗ УТОҚИ КОРИИ ВА ТАРЗИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ.

ХОВАЛИНГ:  Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими ҳизбӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг аз утоқи кории ташкилоти ҳизбӣ боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби пешбурди фаъолияти ташкилот, иҷрои нақшаҳои корӣ ва ҷараёни корҳои ташкилию тарғиботӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, оид ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳизбиён дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки фаъолияти самараноки ташкилоти ҳизбӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муҳим дошта, ҳар як аъзои ҳизб бояд барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат ва ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон