
ХОВАЛИНГ: Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими ҳизбӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг аз утоқи кории ташкилоти ҳизбӣ боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби пешбурди фаъолияти ташкилот, иҷрои нақшаҳои корӣ ва ҷараёни корҳои ташкилию тарғиботӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, оид ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳизбиён дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки фаъолияти самараноки ташкилоти ҳизбӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муҳим дошта, ҳар як аъзои ҳизб бояд барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат ва ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.


















