
Пас аз анҷоми ҳамоиши ҳизби дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Чорсӯ тантанаи Истиқлол дар ҳар як хонадон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии идона Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Мирзобаротзода Салоҳиддин, муовини раиси ноҳияи Муъминобод, Ҷалилзода Сайрамбону, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва Боронова Маҳбуба,раиси Ҷамоати шаҳраки Чорсӯ иштирок намуданд.
Шукӯҳи Истиқлол дар хонаи сокинони кӯчаи Чорсӯ Наботов Султон, Салимов Мирзошариф, Расулов Ҷовидон ва Наботов Амрулло бо ҳамдеҳагон дар рӯҳияи баланди сиёсӣ ва ватандӯстӣ таҷлил гардид.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро,раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб,салоҳиддин Мирзобаротзода ва дигарон дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки маҳз бо ҳидояту сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва фаъолияти пайгиронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз ва таҳким ёфта, мардум дар фазои сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд.Ҳамзамон,дастур доданд,ки ҷиҳати иҷрои супориши Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як хонадони сокинони ноҳия, таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланд ва бо оростани дастархони маънавии идона ва сарҷамъии аҳли оила,бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлол ва тинҷиву оромии кишвар баргузор карда шавад. Дар чунин рӯз шодиву хурсандӣ намудан,ташкили рақсу сурудхонӣ ва пухту пази таъомҳои миллии тоҷикӣ хеле бамаврид мебошад-илова намуданд масъулини ширкатдошта.
Адиба Нодирова
"Ҳамрози халқ"