![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/2_273.jpg?itok=Po8tilz7)
ВОСЕЪ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” гардиш доир намуданд.
Зимни гардиш бо сокинон масъулини ҳизбӣ дар бораи иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки барои саҳм гузоштан баҳри солимии наздикону пайвандон ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин беморӣ дастаҷамъона мубориза барем ва пеш аз ҳама ба тозагии муҳити зисту гигиенаи шахсӣ риоя намоем.
Дар идома аз тарафи намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои маълумоти пурратар пайдо намудани аҳолӣ оид ба бемории ҳамагири коронавирус варақаҳои таблиғотӣ паҳн карда шуд.