БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА ЯКҶОЯ АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

ВОСЕЪ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” гардиш доир намуданд.

Зимни гардиш бо сокинон масъулини ҳизбӣ дар бораи иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки барои саҳм гузоштан баҳри солимии наздикону пайвандон ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин беморӣ дастаҷамъона мубориза барем ва пеш аз ҳама ба тозагии муҳити зисту гигиенаи шахсӣ риоя намоем.

Дар идома аз тарафи намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои маълумоти пурратар пайдо намудани аҳолӣ оид ба бемории ҳамагири коронавирус варақаҳои  таблиғотӣ паҳн карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg