ХУРОСОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Матлубот” маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Зимнан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз фаъолияти ҳизбиёни ташкилот дар соли ҷорӣ ҳисобот дода, бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ нақшаи кориро барои соли 2022 тасдиқ намуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор дар маҷлис иштирок дошта, дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва ба сафи ҳизб аз ҳисоби ашхоси равшанфикру донишманд, занону ҷавонони боиродаву содиқ ба халқу Ватан қабул намуданро ба шахсони масъули ташкилоти ибтидоӣ фаҳмонид.