БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“МАТЛУБОТЧИЁН” ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАРО ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

ХУРОСОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Матлубот”  маҷлиси  ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Зимнан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз фаъолияти ҳизбиёни ташкилот дар соли ҷорӣ  ҳисобот дода, бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ нақшаи кориро барои соли 2022 тасдиқ намуд.

Муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор  дар маҷлис иштирок дошта,  дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва ба сафи ҳизб аз ҳисоби ашхоси равшанфикру донишманд, занону ҷавонони боиродаву содиқ ба халқу Ватан қабул намуданро  ба шахсони масъули ташкилоти ибтидоӣ фаҳмонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg