
ҶАЙҲУН. Дар доираи аксияи муштараки вилоятии ҳизбӣ оид ба тозакунии дохил ва ҳудуди қабристонҳо зери унвони “Рӯзи савоб”, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоатҳои деҳоти “Истиқлол”, “Ваҳдати милли” ва “Қумсангир” дар оромгоҳи деҳаҳои Ҳаёти нав, Наврӯз, Ҷӯйбор, Орзу, Суғдиён ва Тоҷикистон бо ҷалби аъзо ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва эмомхатибони деҳаҳои болозикр Аксияи мазкур баргузор гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳоро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карданд.