БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИЁТИ УМУМИВИЛОЯТИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

ҶАЙҲУН. Дар доираи  аксияи муштараки вилоятии ҳизбӣ оид ба тозакунии дохил ва ҳудуди қабристонҳо зери унвони “Рӯзи савоб”,  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоатҳои деҳоти “Истиқлол”, “Ваҳдати милли” ва “Қумсангир” дар оромгоҳи деҳаҳои  Ҳаёти нав, Наврӯз, Ҷӯйбор, Орзу, Суғдиён ва Тоҷикистон  бо ҷалби аъзо ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва эмомхатибони деҳаҳои болозикр Аксияи мазкур баргузор гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳоро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg