КӮЛОБ. Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон даври сеюми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар озмуни мазкур аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хонандаи Литсейи №1-и ба номи И. Сомонии шаҳри Кӯлоб – Бобоева Мунира иштирок намуда, дар натиҷа миёни хонандагони синфҳои 10-11 –и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовори ҷойи 1-ум гардида, бо диплом ва мукофотҳои молии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид ва ба даври чоруми озмуни мазкур роҳхат гирифт.