БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБИЯТ ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ!”

КӮЛОБ.   Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  бо мақсади дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон даври  сеюми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки дар озмуни мазкур аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хонандаи Литсейи №1-и ба номи И. Сомонии шаҳри Кӯлоб – Бобоева Мунира иштирок намуда, дар натиҷа миёни хонандагони синфҳои 10-11 –и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовори ҷойи 1-ум гардида, бо диплом ва мукофотҳои молии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид ва ба даври чоруми озмуни мазкур роҳхат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg