БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ОРОМГОҲҲО ТАҲТИ УНВОНИ “ПОСИ ХОТИР”

Ҷ.БАЛХӢ. бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Поси хотир” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар  ҳамкорӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои  назди Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамаи оромгоҳҳо шанбегиҳои дастаҷамъона баргузор гашта истодааст.

Бо ин мақсад дирӯз  дар оромгоҳҳи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуда, дохил ва атрофи оромгоҳҳо тоза карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg