Ҷ.БАЛХӢ. бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Поси хотир” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамаи оромгоҳҳо шанбегиҳои дастаҷамъона баргузор гашта истодааст.
Бо ин мақсад дирӯз дар оромгоҳҳи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуда, дохил ва атрофи оромгоҳҳо тоза карда шуд.