А.ҶОМӢ. Бо мақсади татбиқи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоии ҳизбӣ, дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Туйчӣ Маҳмадёров даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшудаи озмун баргузор гардид.
Дар озмун кӯдакону наврасони маъюби аз 6 сола то 18 сола ширкат варзида, ҷавобгӯ аз рӯи номинатсияҳо маҳорати суханварӣ хонандаи синфи 3-юми МТМУ №33-и ноҳия Шукрона Зоирова интихоб гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.