БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҲИЗБӢ БА ДАВРИ ВИЛОЯТӢ РОҲХАТ ГИРИФТ

А.ҶОМӢ. Бо мақсади татбиқи иҷрои саривақтии  дастуру супоришҳои  роҳбарияти мақомоти болоии ҳизбӣ, дар  партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаву бунёдкоронаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Туйчӣ Маҳмадёров даври якуми озмуни ҷумҳуриявии  “Мо бо шумоем” аз рӯи  номинатсияҳои пешниҳодшудаи озмун баргузор гардид.

Дар озмун кӯдакону наврасони маъюби аз 6 сола то 18 сола ширкат варзида, ҷавобгӯ аз рӯи номинатсияҳо маҳорати суханварӣ хонандаи синфи 3-юми МТМУ №33-и ноҳия Шукрона Зоирова  интихоб гардида, ба даври вилоятӣ  роҳхат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg