Н.ХУСРАВ. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ падидаи накӯест дар дунёи ҳунар, ки дар кишвари мо ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд. Насли ҷавони кишвар аз ин иқдоми Пешвои миллат сипосгузоранд, зеро Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имконоти воқеӣ дорад ва мо метавонем ҳунарҳои миллиро рушди тоза бахшида, ҳазорҳо нафар ҳамватанонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намоем ва тавассути дастранҷи бонувони ҳунарманд миллатро дар дунё муаррифгар бошем.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сангоба”-и ҷамоати деҳоти Наврӯз ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ муарифгари миллат» бо иштироки васеи ҷавонону наврасони маҳалла баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур ин эҳёи корҳои хонагӣ ва бо ин васила паст кардани шиддати бекориву камбизоатӣ, рушди иқтисодиёти ҷомеа мебошад.
Дар ҳамоиш маҳсули дастони сокинон, чакандӯзӣ, атласбофӣ, сохтани асбобоҳои рӯзгор, ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона, мусаввараҳо, гулдузӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунарҳои диққатҷалбкунанда баҳои сазовор дода, ғолибон бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.