БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои миллиро аз нав эҳё мекунем

Н.ХУСРАВ. Эълон  гардидани   соли  2018 ҳамчун  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ падидаи  накӯест дар  дунёи  ҳунар, ки  дар  кишвари  мо  ба  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ мусоидат  менамояд. Насли  ҷавони  кишвар аз ин иқдоми Пешвои миллат сипосгузоранд, зеро Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имконоти воқеӣ дорад ва мо метавонем ҳунарҳои миллиро рушди тоза бахшида, ҳазорҳо нафар ҳамватанонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намоем ва тавассути дастранҷи бонувони ҳунарманд миллатро дар дунё муаррифгар бошем.

Бахшида  ба  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ дар ташкилоти   ибтидоии  маҳаллаи  “Сангоба”-и  ҷамоати  деҳоти  Наврӯз ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони    «Ҳунарҳои  мардумӣ  муарифгари  миллат»  бо  иштироки  васеи  ҷавонону  наврасони  маҳалла баргузор  гардид. 

Мақсад  аз  баргузории  ҳамоиши  мазкур  ин  эҳёи  корҳои хонагӣ ва  бо  ин  васила  паст  кардани  шиддати  бекориву камбизоатӣ, рушди  иқтисодиёти ҷомеа  мебошад.

Дар  ҳамоиш  маҳсули  дастони  сокинон,  чакандӯзӣ, атласбофӣ, сохтани асбобоҳои  рӯзгор, ҳар гуна бозичаҳои  кӯдакона, мусаввараҳо, гулдузӣ  ба  маърази  тамошо  гузошта  шуданд.       

 Ҳайати  ҳакамон  ба ҳунарҳои  диққатҷалбкунанда  баҳои  сазовор дода, ғолибон  бо  Ифтихорномаи  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҳизб  сарфароз  гардонида  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg