![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180523_095918.jpg?itok=X-O3ThCj)
ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади оммавигардонии варзиши зеҳнӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоати шаҳраки Фархор ва ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия мусобиқаи варзишии шоҳмотбозӣ баргузор карда шуд.
Дар мусобиқа хонандагон байни ҳам қувваозоӣ карда, ҳунару маҳорати худро нишон доданд.
Дар мусобиқа ғолибон аз ҷониби ҳакам муайян карда шуда, ғолиби ҷойи якум хонандагони Литсейи давлатии №1-и ҷамоати шаҳраки Фархор ғолиби ҷойи дуюм хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ҷамоати деҳоти Дарқад, ғолиби ҷойи сеюм хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ҷамоати шаҳраки Фархор дониста шуданд.
Дар охири мусобиқа ба ғолибон Ифтихорномаи таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фархор тақдим карда шуд.