БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиши фикрӣ қобилияти зеҳнии ҷавононро баланд мебардорад!

ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бахшида ба  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва бо мақсади оммавигардонии варзиши зеҳнӣ  дар байни хонандагони муассисаҳои  таълимии ҷамоати шаҳраки Фархор ва  ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия  мусобиқаи варзишии  шоҳмотбозӣ баргузор карда шуд.

Дар мусобиқа хонандагон байни ҳам қувваозоӣ карда, ҳунару маҳорати худро  нишон доданд.

Дар мусобиқа ғолибон аз ҷониби ҳакам  муайян карда шуда,  ғолиби ҷойи якум хонандагони Литсейи давлатии №1-и ҷамоати шаҳраки Фархор ғолиби ҷойи дуюм хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ҷамоати деҳоти Дарқад, ғолиби ҷойи сеюм хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10-и ҷамоати шаҳраки Фархор  дониста шуданд.

Дар охири мусобиқа ба ғолибон Ифтихорномаи таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фархор тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg