ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо занону бонувони ҷамоати шаҳраки Вахш оид ба оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Зимнан мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Нуралиева Мадина дар назди ҷамъомадагон суханронӣ карда, иброз намуд, ки барпо намудани оилаи солим бояд, бо риоя кардани талаботҳои асосии қонуни никоҳ сурат гирад, зеро никоҳи хешутаборӣ эҳтимолияти бештари тавлиди фарзандони маъюбу носолим гардида, ба вайроншавии оилаҳои ҷавон, ба дунё омадани насли носолими оянда оварда мерасонад. Оила -ин асоси давлат, кафолати фардои босаодат ба ҳисоб рафта, бе он давлат, ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад. Пойдорӣ ва солимии он пойдорӣ ва солимии миллат аст.