БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оилаи солим кафолати фардои босаодат аст

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию муло­қотҳо­­и Кум­и­т­аи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  ҷиҳ­ати ­­дар сатҳи баланд ҷамъбаст  гардидани  Соли рушд­и сайё­ҳӣ­ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббу­си шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия­ бо занону бонувони ҷамоати шаҳра­ки Вахш­ оид ба  оқибатҳои нохуши никоҳи хеш­утаборӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Зимнан мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Нуралиева Мадина дар назди ҷамъомадагон суханронӣ карда,  иброз намуд, ки барпо намудани оилаи солим бояд, бо риоя­ кардани талаботҳои асосии қонуни никоҳ с­урат гирад, зеро никоҳи хешутаборӣ эҳтимо­лияти бештари тавлиди фарзандони маъюбу н­осолим гардида,  ба вайроншавии оилаҳои ҷавон­, ба дунё омадани насли носолими оянда ов­арда мерасонад. Оила -ин асоси давлат, кафолати фардои босаодат ба ­ҳисоб рафта, бе он давлат, ҷамъият вуҷуд д­ошта наметавонад. Пойдорӣ ва солимии он ­пойдорӣ ва солимии миллат аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg