
Н.ХУСРАВ. Бо мақсади ба сокинон фаҳмонидани моҳияти Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ва шартҳои озмуни «Беҳтарин сарфакори барқ!» гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва дар ҳамбастагӣ аз хизматрасонии волонтёрӣ бо иштироки волонтёрони ҳизбӣ дар деҳаи Мӯъминободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва шартҳои озмуни вилоятии « Беҳтарин сарфакори барқ!» дастрас карда шуд.