БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ РОҲНАМО

МУЪМИНОБОД. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқоматкунандагони  кӯчаи  ба номи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Муъминобод баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Раҷабова Гулсунбӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия нисбати самтҳои  гуногуни Паём ибрози  ақида  намуд. 

Сипас, Мирзошарифзода Сабоҳат раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва вакили кӯча Қодирова Бибимо ба сухан баромада, оид ба омодагиҳои ҳабаҷониба  ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти  давлатии кишвар суханронӣ намуда, мардумро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  даъват намуд.

Дар охир аз тарафи сокинони кӯча Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардида,  сокинон гирду атрофи қалъаро ва роҳравҳоро тозаю озода намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg