БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ҚАРОР ДОРАД

АНДЕША. Чи хеле, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд намуданд, соли гузашта дар кишвар 157 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.

Бояд гуфт, ки иқдомҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон низ амалӣ шуда, дар се соли охир аз 30 синфхонаҳои иловагӣ барои 710 ҷойи нишаст, 2 бинои иловагӣ иборат аз 12 синфхона барои 292 ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро низ дар ноҳия баланд мебардорем.

Дар соли 2020 342 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар Олимпиадаи вилоятӣ соҳиби 55 ҷой, 6 ҷойи ифтихорӣ ва 9 нафар хонандагони синфҳои 11-и ноҳия ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) роҳхат гирифта, 4-нафарашон соҳиби ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардидаанд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ  дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақша-чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасон ва устодону омӯзгорон ҳамасола олимпиадаи фаннии «Мамематикони ҷавон» гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки ба давраи сеюми озмуни вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар панҷ номинатсия 32 нафар хонандагон, 6 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия роҳхат гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки ду нафар, як нафар омӯзгор ва як нафар хонандаи муассисаи таълимии ноҳия ба даври ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифта, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Дар баробари ин бояд гуфт, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Ин эроди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дуруст буда, дар ноҳияи Хуросон низ ҷой дорад.

Айни ҳол дар назди 44 муассисаи таълимӣ ва 4 муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 917 нафар кӯдакони синни 5-6 сола Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст.

Дар 4 муассисаҳои томакбии ноҳия 492нафар кӯдакон бо таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, ки хеле кам мебошад. Зеро шумораи умумии кӯдакони то 6 сола дар ноҳия 27853 нафарро ташкил медиҳад ва дар ин замина фарогирии кӯдакон (синни 3-6-сола) дар муассисаҳои томакбӣ ҳамагӣ 6%-ро (бо Маркази инкишофи кӯдак) ташкил медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда шуда, назорати қатъии сифати таълим аз тарафи кабинети методии шуъбаи маориф дар ин самт ба роҳ монда шудааст.

Аз ин гуфтаҳои боло бармеояд, ки тамоми кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Хуросон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми навбатиашон бар меояд, сармашқи кори худ намуда, аз усулҳои муосир дар таълим (усулҳои фаъолияти таълим ва муносибатҳои салоҳиятнокӣ) истифода намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ чораҳои таъхирнопазир андешем, зеро рушди минбаъдаи кишвар маҳз ба наврасоии имрӯза, ки ояндаи мову шумоянд, вобастагӣ дорад.    

Шарифзода Олимҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg