БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зоҳирпарастиву зиёдаравӣ зарар ба буҷаи оила

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузо­рии мулоқоту во­­х­­ӯриҳои Кумитаи иҷроия­и ҲХДТ дар ноҳияи­­ В­а­хш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ "Пахтаобод"  бо сокинони маҳалла ва ходимони дин дар атрофи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъомад доир карда шуд.

 Дар ҷамъомади м­азкур ­­мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ­Камолов Сафаралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикобод» Раҳимов Аслидин ишти­р­ок намуданд.

Масъулин дар рафти маҷлис о­ид ба самтҳои афзалиятноки фаъол­ияти ҲХДТ  ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ карданд. Ҳамзамон қайд, карданд, ки нақши ходимони дин дар кори назорат ва риояи қонуни мазкур  ҳангоми баргузории  тӯйю маросимҳо ниҳоят зарур аст. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки дар назди исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда кони тилло ҳам бақо надорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба фарзандону  наздикони худ тарзи дуруст ва солими зиндагиро омӯзонем. Мо бояд донем, ки ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад. Мақсаду мароми давлат ва ҳукумат низ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмин кардани зиндагии шоистаи аҳолӣ  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg