ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ "Пахтаобод" бо сокинони маҳалла ва ходимони дин дар атрофи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъомад доир карда шуд.
Дар ҷамъомади мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Камолов Сафаралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикобод» Раҳимов Аслидин иштирок намуданд.
Масъулин дар рафти маҷлис оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ карданд. Ҳамзамон қайд, карданд, ки нақши ходимони дин дар кори назорат ва риояи қонуни мазкур ҳангоми баргузории тӯйю маросимҳо ниҳоят зарур аст. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки дар назди исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда кони тилло ҳам бақо надорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба фарзандону наздикони худ тарзи дуруст ва солими зиндагиро омӯзонем. Мо бояд донем, ки ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад. Мақсаду мароми давлат ва ҳукумат низ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмин кардани зиндагии шоистаи аҳолӣ мебошад.