
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дирӯз миёни волонтёрони ҳизбӣ- аъзои намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан” - и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вохӯрӣ доир намуд.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ дар он буд, ки ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии волонтёрон, 5 декабри соли 2020, дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар аввалин Форуми “ Волонтёрони ҳизбӣ” дар вилояти Хатлон баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз байни волонтёрони ҳизбӣ озмун гузаронида, аз миёни иштирокдорон як нафар ба Форуми “ Волонтёрони ҳизбӣ” интихоб гардид.