БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОЛОНТЁРОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ҲИЗБӢ ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДОРАНД

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  дирӯз миёни волонтёрони ҳизбӣ- аъзои намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан” - и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  вохӯрӣ доир намуд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ дар он буд, ки ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ва Рӯзи байналмилалии волонтёрон, 5 декабри соли 2020,  дар толори  Коллеҷи тиббии шаҳри  Бохтар аввалин Форуми “ Волонтёрони ҳизбӣ”  дар вилояти Хатлон баргузор мегардад.  Аз ин лиҳоз байни волонтёрони ҳизбӣ озмун гузаронида, аз миёни иштирокдорон як нафар ба Форуми “ Волонтёрони ҳизбӣ” интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg