Н.ХУСРАВ. Бахшида ба ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҳизбиёни Носири Хусрав бо мақсади кабудизор ва сарсабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни пурифтихори давлату миллат 30-солагии Истиқлолияти давлаии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбии «Кабудизоркунии маҳал» ба роҳ монда, барои ободу кабудизор намудани як қатори корҳои созандагиро ба анҷом расониданд.
Аъзои ҳизб, фаъолон, кормандони ташкилоту маассисаҳо, сокинон ҷиҳати кабудизор намудани ноҳия ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, дар паҳлуҳои роҳи даромади ноҳия зиёда аз 300 бех дарахтони хамешасабз шинониданд.
Чунин иқдомҳои неку созанда бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди нохияи Носири Хусрав идома дорад.