БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБУДИЗОРКУНИИ МАҲАЛ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ!

Н.ХУСРАВ. Бахшида ба ҷашни  сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  Ҳизбиёни  Носири  Хусрав   бо мақсади  кабудизор ва сарсабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр  бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни пурифтихори давлату миллат 30-солагии Истиқлолияти давлаии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аксияи  ҳизбии «Кабудизоркунии  маҳал» ба роҳ монда, барои  ободу  кабудизор  намудани  як қатори корҳои созандагиро ба анҷом расониданд.

Аъзои  ҳизб, фаъолон, кормандони  ташкилоту  маассисаҳо, сокинон   ҷиҳати кабудизор  намудани  ноҳия ба ҳашари  дастаҷаъмона  баромада,  дар  паҳлуҳои роҳи  даромади  ноҳия зиёда  аз  300 бех  дарахтони хамешасабз шинониданд.

Чунин иқдомҳои неку созанда бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди нохияи Носири Хусрав идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg