БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ҲАР ШАХС АЗ ХУДИ Ӯ ВОБАСТАГӢ ДОРАД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти  бештари  манфиатҳои миллӣ. Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТТҲС” – и шаҳри Кӯлоб вобаста ба тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ оиди пешгирии бемории коронавирус аксияи  таблиғотиро   таҳти унвони “ рӯ ба рӯ”  дар ҳудуди бозори “Сахӣ”-и шаҳри Кӯлоб  доир намуданд.

Дар рафти  баргузории аксияи тарғиботӣ ба шаҳрвандон таъкид намуданд, ки бо ниқоб рӯпӯш намудани рухсора, саривақт шустани дастон  бо собун, аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист. Зимни баргузории ин аксия дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздики 280 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас  карда шуданд.

Баргузории чунин аксияҳо давоми чанд  рӯз  аст, ки дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  идома дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg