КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТТҲС” – и шаҳри Кӯлоб вобаста ба тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ оиди пешгирии бемории коронавирус аксияи таблиғотиро таҳти унвони “ рӯ ба рӯ” дар ҳудуди бозори “Сахӣ”-и шаҳри Кӯлоб доир намуданд.
Дар рафти баргузории аксияи тарғиботӣ ба шаҳрвандон таъкид намуданд, ки бо ниқоб рӯпӯш намудани рухсора, саривақт шустани дастон бо собун, аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист. Зимни баргузории ин аксия дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздики 280 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.
Баргузории чунин аксияҳо давоми чанд рӯз аст, ки дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб идома дорад.