
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии ноҳиявӣ бо интихобкунандагони деҳаҳои Зарбдор ва Айнии Ҷамоати деҳоти Панҷ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Масъулин зимни баромади хеш бо интихобкунандагон иброз доштанд, ки интихобот ифодакунандаи иродаи халқ нисбати ин ё он шахсест, ки тақдири худро, ояндаи Ватану миллатро ба вай бовар мекунанд.
Ҳамчунин, номзади арзандае, ки аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, ин шахс аллакай ба халқу Ватан содиқона хизмат карду садоқати бепоёнашро ба халқи азизаш исбот сохт, маълум аст. Боварии комил дорем, ки халқ гавҳаршинос асту сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ мекунад ва баробари иштирок дар маъракаи интихобот овози худро ба номзади арзанда медиҳад.