БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИҲО ВОБАСТА БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИДОМА ДОРАНД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии ноҳиявӣ бо интихобкунандагони деҳаҳои  Зарбдор ва Айнии Ҷамоати деҳоти Панҷ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулин зимни баромади хеш бо интихобкунандагон иброз доштанд, ки интихобот ифодакунандаи иродаи халқ нисбати ин ё он шахсест, ки тақдири худро, ояндаи Ватану миллатро ба вай бовар мекунанд.

Ҳамчунин, номзади арзандае, ки аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, ин шахс аллакай ба халқу Ватан содиқона хизмат карду садоқати бепоёнашро ба халқи азизаш исбот сохт, маълум аст. Боварии комил дорем, ки халқ гавҳаршинос асту сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ мекунад ва баробари иштирок дар маъракаи интихобот овози худро ба номзади арзанда медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg