ҲАМАДОНӢ. Дирӯз дар дурдасттарин деҳаҳои ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Қарағоч ва Бузахона бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни баргузории вохурӣ Исмоил Гадоев ва Наврӯз Ҳусейнзода ҷамъомадагонро бо моҳияти суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садри зиё, ки санаи 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, шинос намуда, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, дар дар замири онҳо ҷо намудани ҳисси миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунанда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карданд ва сокинонро барои амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари мамлакат баҳри пешрафту тараққиёти кишвар даъват намуданд.