БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор ва таблиғгари сиёсати Пешвои миллат дар маҳал

ҲАМАДОНӢ. Дирӯз дар дурдасттарин деҳаҳои ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Қарағоч ва Бузахона бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни баргузории вохурӣ Исмоил Гадоев ва Наврӯз Ҳусейнзода ҷамъомадагонро бо моҳияти  суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садри зиё, ки санаи 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гашт,  шинос намуда, инчунин  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, дар дар замири онҳо ҷо намудани ҳисси миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунанда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ карданд ва сокинонро барои  амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи  Сарвари мамлакат  баҳри пешрафту тараққиёти кишвар даъват намуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg