ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Ориён”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз дар якҷоягӣ бо раиси деҳаи мазкур Авазалиев Худойқул ва мудири бунгоҳи саломатии деҳа Худойназарова Гулнора бо аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ супорида шуд. Инчунин, намояндагони ҳизбӣ дар идомаи чорабинӣ ба онҳо оид ба оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ тавсияҳо дода шуд.