БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТРО ЭҲТИЁТ НАМО!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Ориён”-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз дар якҷоягӣ бо раиси деҳаи мазкур  Авазалиев Худойқул ва мудири бунгоҳи саломатии деҳа Худойназарова Гулнора  бо аҳолӣ бо усули  “хона ба хона”  вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии  (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида,  ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ  супорида шуд. Инчунин, намояндагони ҳизбӣ дар идомаи чорабинӣ ба онҳо оид ба оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ тавсияҳо дода шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg